хӯронидан — [خوراندن // خورانيدن] 1. ба хӯрдан водор кардан, ғизо додан 2. ҷои муносиби гапро ёфта гуфтан; гапро хӯрон(и)дан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шӯронидан — [شورانيدن] 1. тарзи бавоситаи шӯридан 2. ба шӯр овардан, ба ҷӯшу хурӯш овардан 3. барангехтан, ба балво ва шӯриш таҳрик кардан; ба қаҳру хашм овардан 4. ба талотум андохтан (мас., дарёро) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барангезиш — [برانگيزش] исми феълӣ аз барангехтан; шӯронидан, таҳрик, тезонидан (мас., касеро бар муқобили касе) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барангехтан — [برانگيختن] 1. шӯронидан, ба шӯр овардан, таҳрик кардан; ба ҷӯш овардан, тез кардан; ба по хезондан 2. иғво андохан, шӯр андохтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гӯр — I [گور] ҷое, ки мурдаи одамро дафн мекунанд, дахма, сағона, қабр, марқад, мадфан, турбат; гӯру кафан воситаҳои зарурии маросими дафн; гӯру чӯб ниг. гӯру кафан; гӯру чӯб кардан ниг. гӯр кардан; гӯру қиёмат д. тарси азоби гӯр ва ҷазои рӯзи қиёмат;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
заҳр — I [زهر] 1. модда ё доруи кушанда, самм; моддаи марговаре, ки дар неши баъзе ҷонварони заҳрдор (аз қабили мор, каждум ва ғ.) мавҷуд аст; заҳри қотил (қаттол) заҳри кушанда, заҳри марговар; заҳри ҳалоҳил заҳри тез кушанда; заҳр додан заҳр хӯронидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иғво — [اغوا] а. аз роҳ баровардан, гумроҳ кардан; фирефтан; дасиса, фитнаандозӣ: ба иғвои… ба фиреби…, ба ҳилаву дасисаи…; бо роҳи иғво бо фиреб, ба тариқи фитна ва дасисакорӣ; иғво андохтан фитна ба кор бурдан; таҳрик кардан, шӯронидан; иғво бардоштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
оғолидан — [آغاليدن] кит. ба якдигар шӯронидан, кина ва хусумат афкандан миёни ду нафар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пой — I [پاي] 1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки воситаи рафтан аст ва бадан дар болои онҳо қарор гирифтааст 2. бо изофат – (қисми зери чизе; таг, зер, бун) пои… зери…, таги…, буни… 3. қисми зерини пой, қадам 4. маҷ. тоқаи пойафзол ё як почаи шим, эзор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пушт — [پشت] 1. қисми қафои бадан аз миён боло то китфу шона ва гардан; тахтапушт 2. тарафи ақиби ҳар чиз, қафо, ақиб, пас: пушти дар, пушти хона, аз пушт аз пас, аз қафо; аз пушти а) аз паси, аз ақиби, баъди; б) дар ғайби, дар набудани (касе) 3. пай,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ